Авиадоставка грузов в Лондоне

Агар ба Шумо таҳвили ягон бор дар Лондон ё аз он ба дигар ҷой зарур бошад, ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) бо хушҳолӣ ба Шумо ин хизматрасониҳоро пешкаш менамояд. Мо омода ҳастем тамсилаи ҳавопаймои ба Шумо лозим, бо хатсайри матлабшуда «аз оғоз то интиҳо» интиқоли ҳавоиро ташкил намоем.

Авиатсияи боркаш дар Лондон, аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) барои ҳалли ҳама гуна масъалаҳо, хоҳ соҳибкорӣ, хоҳ корҳои шахсии мизоҷон кӯмак мерасонад.

Мо ба дӯши худ, ба истиснои манъшуда, таҳвили ҳама гуна борҳоро мегирем:

– қисмҳои эҳтиётӣ баро автомобилҳо,Авиадоставка грузов в Лондоне

– таҷҳизоти техникӣ,

– реквизит барои намоишгоҳҳо, презентатсияҳо, театрҳо,

– компютерҳо ва оргтехника,

– асбобҳои мусиқӣ валавозимоти варзишӣ,

– молҳои гуногун,

– асбобу бисоти хона ва интерер,

– масолеҳи сохтмонӣ ва коркард,

– хӯроквории тезвайроншаванда,

– чизҳои арзишманд, ҳуҷҷатҳо, атиқафурӯшӣ, экспонатҳои музей,

– техникаи маишӣ ва электроника,

– наботот ва ҳайвонот,

– маводҳои хатарнок, агар иҷозаи интиқоли онҳо бошад,

– доруворӣ, парфюмерия, маснуоти газворӣ ва ғайра.

 

Фаъолияти мо

Авиадоставка грузов в ЛондонеБаъди гирифтани дархост мо ба мизоҷон интихоби якчанд тамсилаи ҳавопаймоҳо ё варианти муфидро ва нархи хатсайрро пешкаш менамоем. Дар интиқоли ҳавоии боркаш киштиҳои ҳавоии мухталиф истифода бурда мешаванд: ҳам ҷетҳои хурди шахсӣ, масалан, барои интиқоли ҳуҷҷатҳо, ҳам ҳавопаймоҳои махсуси бузург, ки барои ба канори худ қисмҳои таркибии киштиҳои кайҳоннавардӣ қабул кардан, омода ҳастанд.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) аз қадами аввалин то қадами интиҳоӣ хатсайрро ташкил мекунад:

  • тамсилаи ҳавопаймои муфидро интихоб менамояд,
  • борҳоро гирифта банду баст менамояд,
  • то фурудгоҳ интиқол медиҳем,
  • дар ҳолати зарурӣ суғурта мекунем,
  • агар лозим бошад, ба қисмҳо ҷудо мекунем (масалан, асбобу бисоти хона),
  • дар канори киштӣ барои нигаҳдории борҳо шароити фароҳам ташкил менамоем,
  • дар ҳолати зарурӣ шахси мушоиаткунанда барои ҳайвонот манзур мегардад,
  • борҳоро то макони таъингардида ва шахси қабулкунанда интиқол медиҳем,
  • конструксияҳои ҷудошударо васл менамоем,
  • дар ҳолати зарурӣ борҳоро дар анбор ҷой медиҳем,
  • ҳама гуна масъалаҳоро ҳалл менамоем.

Дар интиқоли борҳо, хусусан, вақте, ки сухан дар бораи хатсайрҳои хориҷӣ меравад, ҳуҷҷатҳои замимашаванда зарур ҳастанд. Мизоҷон барои ба расмиятдарории онҳо вақт надорад, ба ғайр аз он, барои он донишҳои ҳуқуқӣ зарур аст. Мутахассисони ботаҷрибаи AVIAV TM (Cofrance SARL) барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозимӣ кӯмак мерасонанд. Ҳар ҳолат инфиродӣ аст, баъзан бояд якбора ба чанд мақомот муроҷиат намуд. Мо чӣ имкониятҳо дорем барои мизоҷон пешкаш карда, ҳамаи иҷозатномаҳои матлабшударо ҷамъоварӣ мекунем.

 

Фармоиши дархости хатсайри боркаш

Авиадоставка грузов в ЛондонеБарои фармоиши интиқоли ҳавоии боркаш, Шумо метавонед дархости худро дар сайти мо ҷойгир намоед ё бо менеҷер мустақиман дар тамос шавед. Қаблан, ба мо зарур аст, ки Шумо маълумотҳои зеринро пешниҳод намоед: хатсайри парвоз, санаи парвоз, намуд ва вазни тахминии борҳо, аммо нархи аниқ пас аз тасдиқи тамсилаи киштии ҳавоӣ ва маълумоти муфассал ҳисоб карда мешавад.

Бастани шартнома тариқи интернет, бо истифода аз имзои электронӣ қулай аст, аммо бо хоҳиш ҳуҷҷатро тариқи почтаи таъҷилӣ ба Шумо дастрас мегардад. Пардохти ғайринақдӣ осон аст. Шумо метавонед ба мо фақат интиқоли ҳавоиро ё ки хизматрасониҳои иловагиро фармоиш диҳед: интиқол то фурудгоҳ, басту банди бор, суғурта ва чизе, ки дархост кунед.

Авиатсияи боркаш дар Лондон аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) – доимо дар хизмати Шумо. Бо мо Шумо ҳамеша дилпур бошед, ки ҳамаи бори Шумо ба пуррагӣ ва эҳтиёткорона интиқол меёбанд.