Бизнес авиация в Лондоне Великобритания

Авиатсияи хусусӣ дар Лондон имрӯз беҳамто мубрам аст. Хатсайри Лондон – Маскав барои онҳое, ки аз ҳавопаймоҳои хусусӣ истифода мебаранд, маъруфият пайдо кардааст. Одамони кордон, ки ба қадру қимати  вақт ва ҳузуру ҳаловат мерасанд, имконият доранд бо шарту шароити муфид ҳавопаймои хусусӣ, ба туфайли фаъолияти брокери ширкати пешсафи аврупоии ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL), фармоиш диҳанд.

Агар ба Шумо ҳавопаймои маъмурӣ дар Лондон зарур бошад, Шумо метавонед фармоиши худро бевосита дар ин сайт ҷойгир кунед, ки ҳамагӣ чанд сонияро дарбар мегирад. Барои ин зарур аст дар майдончаҳои зикршуда маълумоти зеринро сабт намоед:

– нуқтаҳои оғози парвоз ва интиҳои он,Деловая авиация в Лондоне

– санаҳои парвоз,

– теъдоди мусофирон,

– агар таваҷҷӯҳ надошта бошед, хориҷи хатсайрҳои бурофуро,

– бо хоҳиши хеш метавонед маълумоти иловагиро дар чат ҷойгир кунед.

Менеҷер пас аз коркарди дархост ба Шумо рӯйхати ҳавопаймоҳое, ки бо хатсайри дилхоҳи Шумо омодаи парвоз ҳастан, ирсол менамояд.

Дар пешниҳоде, ки Шумо мегиред маълумоти зерин сабт мешавад:

    • нархи парвози рафтуомад,

Деловая авиация в Лондоне

  • миқдори ҷойҳои нишаст дар канора,
  • тамсилаҳои ҳавопаймоҳо ва мӯҳлати истифодашавии онҳо,
  • вақти давомнокии парвоз,
  • фурудгоҳҳои оғоз ва интиҳои парвоз,
  • тавсиф ва суратҳои ҳавопаймоҳо.

Ба Шумо танҳо интихоби муфид, бастани шартнома тариқи суроғаи электронӣ, пардохти хатсайр, ки фосилавӣ анҷом дода мешавад, мемонаду халос. Ҳамин тавр, барои фармоиши ҷет дар Лондон ба Шумо зарур нест, ки ҷойи кории худро тарк кунед.

 

Хизматрасониҳои иловагӣ

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) хушҳол аз он аст, ки ба таваҷҷӯҳи Шумо маҷмӯи хизматрасониҳоои иловагиро пешниҳод менамояд. Мо метавонем сайёҳати Шуморо бо назардошти хусусиятҳо «аз оғоз то интиҳо» ташкил кунем. Бо хоҳиши мизоҷон мо омодаи:

– интиқоли автомобилии бароҳат то фурудгоҳ ва аз фурудгоҳ то макони таъинот,

– таҳвили хӯроки нисфирӯзӣ аз тарабхонаи дӯстдошта ба канори ҳавопаймо,

– дар ҳолати парвоз ба хориҷи кишвар, таъмини ҳамаи мусофирон бо раводид ва суғуртаи тиббӣ,

– нигаҳдории ҳуҷра дар меҳмонхона ё иҷораи хонаи истиқоматии хусусӣ,

– таъмини инфиродӣ бо мушоиаткунандагон (роҳбалад, тарҷумон, котиб, мураббия, духтур ва ғайра),

– ташкили истиқболи тантанавӣ дар фурудгоҳ,

– гузаронидани ҷашн дар парвоз,

– ташкили истироҳати бофароғат,

– пешниҳоди хизматрасониҳои консерж-дарбон.

Шумо метавонед яке аз ин ё дар маҷмӯъ ҳамаи ин хизматрасониҳоро фармоиш диҳед. Мо хизматрасониҳоро бо шарту шароити муфид ва сарфаи вақти Шумо, пешкаш мекунем, чунки ба Шумо зарур нест, ки якчанд маротиба ба дигар ширкатҳҳо муроҷиат намоед.

 

Афзалиятҳои ҳамкорӣ бо AVIAV TM (Cofrance SARL)

Деловая авиация в ЛондонеҲамкорӣ бо мо қулай ва муфид аст, садҳо мизоҷони сипосггузор аз тамоми дунё беҳтарин шаҳодати обрую эътимоди ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) мебошад. Афзалиятҳои асосии мо:

      • ҳайати башардӯстона, ки байни онҳо кормандони зиёд соҳиби забони русӣ мебошанд,
      • сифати аврупоии хизматрасонӣ,
      • тозагӣ ва шаффофияти ҳамаи созишномаҳо,
      • кӯмаки босалоҳияти ҳуқуқӣ оиди ҳамаи масъалаҳои соҳаи авиатсия,
      • риояи ҷиддии махфият,
      • дастрасӣ ба пойгоҳҳои ҷаҳонии ҳавопаймоҳои хусусӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони боэътимод дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон,
      • аъзогӣ дар бизнес-ассотсиатсияҳои бонуфузи авиатсияи хусусӣ: EBAA (European Business Aviation Association),NBAA (National Business Aviation Association) ва шабакаи чартерии Avinode,
      • низоми чандири тахфифҳо ва нархҳои муфид.

Авиатсияи хусусӣ барои ҳалли таъҷилӣ ва самараноки масъалаҳои Шумо кӯмак мерасонад. Ҳамкорӣ бо ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) Шуморо ба ҳамаи ҳадафҳои гузошта шуда мерасонад ва қуллаи навро фатҳ менамоед.